КИТОБИ УСТОД АЙНИРО НАВ БО АНГЛИСӢ ТАРҶУМА КАРДАНД ВА АЛЛАКАЙ 120 КИТОБХОНАИ ДУНЁ ОНРО ХАРИДОРӢ КАРД

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

КИТОБИ УСТОД АЙНИРО НАВ БО АНГЛИСӢ ТАРҶУМА КАРДАНД ВА АЛЛАКАЙ 120 КИТОБХОНАИ ДУНЁ ОНРО ХАРИДОРӢ КАРД.Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 146-умин солгарди мавлуди устод Садриддин Айнӣ маросими рӯнамоии китоби “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ки дар Ню-Йорки Амрико нашр шудааст, сурат гирифт.Китоби мазкур дар тарҷумаи профессор Абдусалом Мамадназаров дар таҳрири профессори амрикоӣ Ҷонатан Зарман тариқи нашриёти “Роутлиҷ” чоп шудааст. Ба ин китоб академик Муҳаммадюсуф Имомзода сарсухани муфассал навиштааст. Китоби мазкур аллакай дар фурӯш буда, аллакай 120 китобхонаи ҷаҳон онро харидорӣ кардаанд. Хоҳишмандон онро тариқи интернет низ харидорӣ карда метавонанд.

Пресса Тҷ