АМАЛИСОЗИИ АКСИЯИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!" ДАР ДЕҲОТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло идома доранд. 

Бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тагноб” Замонов Мараҳим азнавсозии шиору лавҳаҳои ду тарафи роҳ ва сафед намудани дарахтонро бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ташаббус карда истодааст.