ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА, ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ПАЙРАВОНИ ПЕШВО"-И МТМУ £.14

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо таҷлили бошукӯҳи ҷашни сада дар муасиссаҳои таълимӣ, идораву корхонаҳои ноҳия бо маром идома дорад. Чунин як маҳфили адабӣ - фарҳангии муҳташам имрӯз дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ҷамоати шаҳраки Москва бо иштироки васеи омӯзгорон ва хонандагон ҷашни суннатии волои ниёгон - Сада бо расму русуми хеш таҷлил гардид. Ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи масҳулоти кишоварзии мактаб дидан намуда, барои меҳнати содиқона ба масъули баҳои баланд доданд.

          Сарвари муассиса муҳтарам Ҷурабекова Мағфират ҳозиринро бо фарорасии ин иди бузург табрик гуфта ба ҳамагон сиҳатмандӣ, рузгори неку осуда ва дар кору фаъолиятатон пешрафту барор таманно намуд. Таъкид дошт, ки халқи тоҷик таърих ва фарҳанги кӯҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, имрӯз, барои эҳёю ғановатманд гардондани онҳо ва густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш, саъю талош менамояд. Сада, аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад ва дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён, бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.   

    Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки баъд аз ба даст омадани Истиқлоли комили миллӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишварамон ҷашнҳои ниёгон ва аҷдодии мо аз сари нав эҳё гардиданд. Иди Сада, дар қатори дигар минтақаҳои кишвар, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ яке аз чунин ҷашнҳо бо як шукуҳу шаҳомати бепоён таҷлил мегардад.

         Моҳиятан ҷашни Сада, пирузии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ буда, мардум онро бо табрики ҳамдигар, баргузории рақсу суруд, афрӯхтани гулханҳои бузург ва дигар расму русуми нек таҷлил менамоянд. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рушноӣ ва гармию корҳои дигари хайр буда, дар ин бобат, дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо амалӣ намудани ин одатҳо, аз он ҷумла, афрӯхтани оташ, фасли баҳор ва гармию рушноиро даъват мекарданд зикр дошт сарвари муассиса Ҳайдарова Шаҳло

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот