ҶАЛБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА КИТОБХОНӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар сартосари кишвари азизамон тибқи банди 2 нақшаи чорабиниҳои татбиқи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳо фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" ва фармоиши вазири фарҳанги Ҷуиҳурии Тоҷикистон аз 4,06,2019 таҳти рақами 95 бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу.рағбат ба эҷодиёт ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии библиомарафон таҳти унвони "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ" идома дорад. Санаи 11,07,2019 дар толори хониши муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмун бо иштироки Орифӣ Озар Баҳромзода, мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳагӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун раиси ҳакамон аа Набиев Сайзароб, мутахассиси пешбари Медиатекаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчун узви ҳакамон дар байни ғолибони даври аввали шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб доир гардида, беҳтаринҳо ба даври сеюм ба ш. Душанбе роҳхат гирифтанд.Дар ин чорабинӣ аз ноҳияи мо толибилмон - Азизҷони Бадриддин, Шаҳнозаи Рустам ва Мирзоева Моҳихуросон хонандагони синфи 6 мактаби рақами 2 ноҳия ҳамроҳи омӯзгори фани забон ва адабиёти тоҷик Абдуллов Ҷурахон бо роҳбарии камина иштирок доштанд. Азизҷони Бадриддин аз ин миён сазовори ҷойи якум ва роҳхат барои иштирок дар даври сеюм ба шаҳри Душанбе роҳхат гирифт.

 

             Абдумаҷид Абдулхайров, директори Китобхонаи марказии ноҳия

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ