ХАТАР ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕАИ ИМРӮЗИ МО

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навобод"-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомад дар мавзӯи "Хатар ва таъсири манфии терроризм ва ифротгароӣ ба ҷомеаи имрӯзи мо" баргузор карда шуд. Дар ҷамъомад корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал Майёри адлия Наботов М, атрофи мавзуи болозикр маърӯза намуда, аз фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон, пешгирӣ ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои мамнӯъ ҳидоятҳо намуда, аз ҷумла қайд навуданд, ки мо ҳамчун фарди комилҳуқуқи ҷомеа набояд бетараф бошем ва бар зидди хатарҳои терроризму экстремизм муборизаи беамон барем.Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ин зуҳуроти номатлуб алалхусус миёни бархе аз ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлуқа овардааст.

     Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот