БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи давлатии №1 - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар "Соати сиёсӣ" хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва ба онҳо дар мавзӯҳои:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ";

2. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф аст.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.

   Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Насриддинзода Илҳом қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат - ҳуҷҷати роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон буда, моро вазифадор менамояд, ки ҳама якҷо кору фаъолият намуда, Ватани азизамонро то ҷашни бузурги миллӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ободу зебо созем, обрӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.