АЗ РАВАНДИ ИДОМАИ ОБОДКОРИҲО ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Имрӯзҳо сокинони ноҳияи заҳматқарини Ҳамадонӣ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмқи кори худ қарор дода, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардошта, муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир дода, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ намедиҳанд.Аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ намуда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол менамоянд. Шиори "Ободонӣ мароми мост" ро мароми худ қарор дода, дар ҳама самтҳо корҳоро ҷоннок менамоянд.

      Ҳамзамон дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ бо сокинони кучаҳои Шаҳраки ноҳия суҳбат намуда онҳоро баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллиямон 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тозаю озода ва ба гулзор табдил додани гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худ талқин ва ҳидоят намуд. 

    Гузашта аз ин тавре, ки дар аксҳо мебинед марказҳои хизматрасонии, ки дар ноҳия фаъолият доранд роҳрав ва пушти коргоҳҳои худро обод намуда ва тухми газон рошида истодаанд.

     Шуъбаи иттилоот ва таблиғот