ТАТБИҚИ АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "НАВОБОД"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҷиҳати ободу зебо ва гулгулшукуфоии ватани азизамон имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби масъулият пайваста паи ободкориҳо ҳастанд.

     Илова бар ин аст, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод”-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳрав ва гирду атрофи назди мактабро тоза намуда ҷӯйбори обравро аз алафҳои худрӯй озод намуданд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии болозикр ҳамарӯза баҳри тозагии маҳал кӯшиш ба харҷ медиҳанд.Аъзои ташкилоти мазкур бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод назди худ мақсад гузоштаанд ва ба мо ваъда доданд, ки баҳри покизагии диёри хеш ҳамеша ташаббусҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҳамадонӣ арҷ гузошта, ба ҳашари дастҷамъӣ баромадан омода ҳастем. Илова бар ин Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи зикршуда Шералӣ Асроров мебошад, ки ҳамзамон вакили ҷамоат низ ҳаст

 Шуъбаи иттилоот ва таблиғот