АЗ ҶАРАЁНИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор, суҳбату вохӯриҳо байни сокинони маҳаллаҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии баргузор гардида истодааст.

       Вобаста ба ин имрӯз дар толори калони ҷамоати деҳоти Панҷрӯд-и ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ ва бо иштироки Мудири шуъбаи маорифи ноҳия, ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии рақами 48 муҳтарам Тағоймуродзода Санифа, 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Халқии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ва

аиси ҷамоати деҳоти Панҷрӯд Раҷабов Файзимад вобаста ба тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Паём дар самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин ва саноатикунонии мамлакат илму маориф, ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Инчунин, қайд гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот