ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "М БАҲОДУРОВ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "М.Баҳодуров" - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ҷамоати шаҳраки Москва, ки сарварии онро муаллима Ҷурабекова Мағфират вохурии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.Зимни баромад мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ қайд карданд, ки Пешвои миллат ҳамчун як фарзанди содиқтарину арҷгузортарини миллат Паём оварданд: "Мо ба нақши зан модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. 

     Дар ин росто иброз гардид, ки бо мақсади дастгирии занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо ташаббусу ибтикорот чун соҳибмаълумоту бомаърифат кардан, густариши ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории бонувон амалӣ гаштанд. Паёми Пешвои миллат, махсусан, барои бонувону модари тоҷик, аҳамият ва мақоми хосса дорад.

     Баргузории чунин суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти муҳтарами мамлакат дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии корхона идора ва мактаб ва ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳия тибқи нақшачорабиниҳои тасдиқшардида идома дорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот