МУСОБИҚАИ КУШОДИ НОҲИЯВӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ МИЁНИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

"Варзиш-солимӣ ва зебоӣ" таҳти ҳамин унвон, имрӯз бо ибтикори ташкилоти ибтидои ҳизбии "Мактаби варзишӣ" - Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҳамадонӣ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намуди "Тенниси рӯи миз" миёни кӯдакон ва наврасон баргузор карда шуд. Маврид ба зикри хос аст, оммавишардонии варзиш яке аз ҳадафҳои аслӣ ва асосии ҲХДТ ба шумор меравад. Имрӯз дар муасиссаи мазкур мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намуди Тенниси рӯи миз баргузор гардида истодааст, ки тибқи нақша масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ҷиҳати бозтоби васеи он дар сомонаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда аз раванди мусобиқ сурат-гузориш ва навор пешниҳоди корбарони фазои маҷозӣ мегардонад.Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошад Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои кушоди ноҳиявӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маҳорати варзишии кӯдакону наврасон, беҳбуди бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷомеа, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани чеҳраҳои беҳтарин бозингарон ҷиҳати омода будан ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошадъ

       

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот