ВАРЗИШ - СОЛИМӢ ВА ЗЕБОӢ ҚИМАТИ ПОЛОФИНАЛИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ФУТБОЛ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Майдони варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и Ҷамоати деҳоти Даштигуло Кисмати 1/4 финал - дастаҳои ғолиб ба полофинал мебарояд. 

      Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди Футбол миёни ҷавонони маҳалла ва деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор гардида истодааст.Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошадМақсад аз баргузории мусобиқи футбол баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, беҳбуди бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани чеҳраҳои беҳтарин бозингарон ҷиҳати омода будан ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад

      Мусобиқа таҳти унвони Варзиш-солимӣ ва зебоӣ бо маром идома дорад

       Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот