БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ НОҲИЯВӢ АЗ РУИ НАМУДИ ФУТБОЛ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАШТИГУЛЛО

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Тибқи тасмими Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ҷиҳати оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои аслӣ ва асосии ин ҳизби воқеан халқӣ ба шумор меравад ва ҳамзамон барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" аз санаи 10 то 24 Санаи 24 уми соли ҷорӣ мусобиқаи варзиширо аз рӯи намуди Футбол миёни ҷавонони маҳалла ва деҳаҳои ҳудди ноҳия бо мақсади ҳадафҳои дар боло зикргардида, дар майдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Файзобод ҷамоати Даштигуло баргузор наауда истодааст.Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошад

        Мақсад аз баргузории мусобиқи футбол баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, беҳбуди бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани чеҳраҳои беҳтарин бозингарон ҷиҳати омода будан ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад

       Рӯзи дуюми мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди Футбол, ки бо эҳтимоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ миёни ҷавонони маҳалла ва деҳаҳои ҳудуди ноҳия дар майдони варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ҷамоати деҳоти Даштигулло ҷиҳати тақвият ёфтани дӯстии ҷавонон ва ҳамзамон барои дарёфти "Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" бо иштироки дастаҳо ва мухлисону ҳаводорони зиёди риштаи футбол оғоз гардид. Гузориши муфассал баъдтар пешниҳод мегардад.

   40 акс аз лаҳзаҳои дирӯз имрӯзи мусобиқаи футбол 

       Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот