ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ШАҲРАКИ МОСКВА"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор, суҳбату вохӯриҳо байни сокинони маҳаллаву деҳот, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вобаста ба шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» соати 10:00 оғоз гардид ва мо тавонистем, ки онро тариқи ҳамаи телевизионҳои давлатӣ мустақиман тамошо кунем.     

       Ҳамин гуна вохӯрӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шаҳраки Москва", бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор карда шуд.

       Дар нишасти имрӯза, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ иштирок карда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём дар самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин ва саноатикунонии мамлакат маърӯза намуд.

     Инчунин, қайд гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот