ҲАШАРИ УМУМИНОҲИЯВӢ ВА МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МОСКВА

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Имрӯз бо дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор шуд. Ҳамчунин, дар ин маъракаи ободонӣ кормандони дастгоҳи раиси ноҳия гирду атрофи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тозаю озода намуда, дарахтони сояафкан шинониданд. Дар Беморхонаи марказӣ, КАТС ва дигар ташкилотҳо низ ҳашари мазкур идома дошта, кормандон бо нарм кардани бехи дарахтон, шинонидани гулу гулбуттаҳо бо рӯҳу илҳоми тоза, ҳисси баланди меҳанпарастӣ назди идораву коргоҳ ва пушти хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода намуданд. Ҳамзамон дар асоси ҳидоятҳои рӯзафзуни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати гулгулшукуфон намудани ноҳия ва дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯз, дар саҳни бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ корҳои ободонӣ сурат гирифта зиёда аз ҳазор бех қаламча аз навъи гули садбарг шинонида шуд. 

        Бад ин васила дар идомаи шинонидани қаламча баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллиамон 35 солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи коргоҳи худ ҳашари дастҷамъӣ баргузор гардид.Илова бар ин барои хурду бузурги сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухани "Ободонӣ мароми мост" барои шиор набуда, балки ҳадафи аслии ҳар шаҳрванди ноҳия ободӣ ва зебоӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки гул ин зебдиҳандаи муҳит мебошад. Ҳадаф аз шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мебошад.

 

        Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ