ОҒОЗИ МУСОБИҚИ КУШОДИ НОҲИЯВӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ ВАРЗИШӢ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар давраи таътили зимистонаи мактабаччагон тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз, дар Муасиссаи давлатии мактаби варзишӣ миёни хонандагони макотиби шаҳрак ва деҳоти ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз баргузор гардид.

 “Теннис” аз калимаи “tenez” (“tenir”- аз забони фаронсавӣ - доштан, гирифтан) пайдо шуда аст. Ҳангоме ки бозингарон тӯби теннисро ба рақибашон мепартофтанд, дар он лаҳза бо садои “tenez” фарёд мезаданд. Ин калимаи фаронсавӣ буда, маънояш “баробар”, яъне холи бозӣ дар ҳоли ҳозир баробар аст. Дар аввал тӯби теннисро аз пашми гусфанд тайёр мекарданд. Инчунин даруни тӯбро аз оҳансов, рег ва пашм дарунашро пур мекарданд.

Баъзе аз таърихшиносон чунин ақида доранд, ки ин намуди варзиш дар Юнони қадим ба вуҷуд омадааст. Аммо баъзе дигар бар он назаранд, ки макони пайдоиши теннис Арабистон аст. Зеро номи ракетка – чубе, ки бо он тӯбро партоб мекунанд, аз калимаи арабии “rakhat” пайдо шудааст.

Таърихи басо росттар ва боэътимодтар, ки дар чандин маъхазҳои таърихӣ баён гардидааст, он аст, ки аввалин маротиба ин намуди варзишро миссионерони (тарғибгар) фаронсавӣ дар асрҳои XI-XII бозӣ мекарданд. Шояд ин ҳам яке далоили асосӣ бошад, ки бештари қонуну қоидаҳои ин навъи варзиш аз луғати фаронсавӣ гирифта шудааст.

Аввалин маротиба соли 1872 теннис ҳамчун варзиши касбӣ пазируфта шуда, дар ин сол аввалин клуби теннис таъсис ёфтааст. Дар марғзори курортии Лиминготони Испания Хоа Перейраи тоҷир бо докторон Фредерик Хейнс ва Уэсли Томкинс бозии испании бо номи “пелота”-ро бозӣ мекарданд. Баъдтар қонуну қоидаҳо тенниси калон (теннис дар алафзор) ба вуҷуд омад.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот