ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2023 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИЗЗАТУЛЛО ШАРИФОВ" - И БЕМОРХОНАИ Ҷ. Д. ДАШТИГУЛЛО

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Саидмуминзода Аббос бо фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоат баргузор гардид.Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидмуминзода Аббос оиди сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз давлату миллат, суханронӣ кард. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия оиди таҳкими низоми ҳаракати ҳизб, қабул ба сафи ҳизб, тартиби боз доштани узвият дар ҳизб, ба расмиятдарории ҳуҷҷатгузорӣ, ороиши утоқи корӣ ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ин самт бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. Раиси Ҷамоати деҳоти Даштигуло Қурбонов Ҷамъахон дар баромадаш қайд кард, ки дар дунёи пуртазоди муосир мо бояд боз ҳам дар атрофи давлату Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гашта, давом додани корҳои созандагию бунёдкориро то моҳи декабри соли равон ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳем.

      Қурбонов Ҷамъахон Кумитаи иҷроияи ноҳияро бовар кунонид, ки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даштигуло беҳтар гардида, онҳо нақшаи “Обуна – 2024”-ро чун ҳамеша якум шуда иҷро мекунанд.

       Дар фарҷоми чорабинӣ ба фаъолон ифтихорномаҳо эҳдо гардид.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия