АЪЗОИ ҲИЗБИ МАСЪУЛИЯТ МЕШАВЕМ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Нимаи дуюми имрӯз муовинони Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 - и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба таълим ва тарбия ҷиҳати аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ариза пешниҳод намуданд. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд, чунки устодон аз оинномаи ин ҳизби созанда ба хубӣ огоҳанд. Дар муддати кӯтоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ омода шуда ба фаъолон супорида мешавад.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия