ШИНОНИДАНИ ҲАЗОР БЕХ ҚАЛАМЧА ДАР САҲНИ КОРГОҲИ ХУД ТАҲТИ ШИОРИ ОБОДОНӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар асоси ҳидоятҳои рӯзафзуни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати гулгулшукуфон намудани ноҳия ва дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯз, дар саҳни бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ корҳои ободонӣ сурат гирифта зиёда аз ҳазор бех қаламча аз навъи гули садбарг шинонида шуд. Бад ин васила дар идомаи шинонидани қаламча баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллиамон 35 солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи коргоҳи худ ҳашари дастҷамъӣ баргузор гардид.Илова бар ин барои хурду бузурги сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухани "Ободонӣ мароми мост" барои шиор набуда, балки ҳадафи аслии ҳар шаҳрванди ноҳия ободӣ ва зебоӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки гул ин зебдиҳандаи муҳит мебошад.                           

        Ҳадаф аз шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мебошад.

 

        Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ