МИЗИ МУДАВВАР БО ИШТИРОКИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ НОҲИЯВИИ "ИНШОИ БЕҲТАРИН" ВА "РАСМИ БЕҲТАРИН", КИ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ ВА РӮЗИ ТАЪСИЁБИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ СУРАТ ГИРИФТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон, бедор намудани ғояҳои миллӣ дар замири онҳо ки ояндаи давлату ҳукуматро роҳбарияти олии он - Асосгӯзори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дасти ҷавонон эътимод дорад, имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ корманди кумитаи иҷроия Лоиқ Мирзоалиев бо мақсади амали намудани ҳадафҳои дар боло зикр гардида бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ноҳиявии "Иншои беҳтарин" ва "Расми беҳтарин" ғолибият ба даст овардаанд дар толори Кумитаи иҷроия мизи мудавар доир намуд.Дар маҳфил масъули кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ маъруза намуда,нахуст ғолибонро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия табрику шодбош намуд.Аз ҷумла қайд намуд, ки мо бояд дар шахси ин ҷавонон эътимоди қавӣ дошта бошем, ки оянда ҳамчун миллат курсиву ҷойгоҳи ифтихории хешро соҳиб шуда метавонем.

      Ғолибон зимни суҳбат аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроия изҳори хушнуди ва қаноатманди намуда ваъда доданд, ки минбаъд низ дар чунин озмунҳо ширкат варзида ҳамсолони хешро ба роҳи илму маърифат ҳидоят менамоянд.Дар фарҷоми мизи мудавар хонандагон пешниҳод намуданд, ки сафи чунин озмунҳои ноҳияви зиёд гардад.

     

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот