ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ "РАСМИ БЕҲТАРИН" МУАЙЯН ГАРДИДАНД.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Тавре, ки ба мову Шумо маълум аст санаи 06-уми соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 озмуни "Расми беҳтарин" бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба ҳафтаи ҲХДТ ва рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озод ва шаффоф баргузор гардид, ки дар он аз 55 макотиби шаҳрак ва деҳоти ноҳия хонандагон ширкат варзиданд.Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроия бо иштироки мутахассисон ва омӯзгорони фанни санъати тасвирӣ аксҳои кашидаи иштирокчиён мавриди санҷиш қарор дода шуда, ғолибон муайян гардиданд.

            

          Ғолиби ҷои якум - хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 Одинаева Сумая

           

           Ғолиби ҷои дуюм - хонандаи синфи 10-и литсейи давлатии £.1 Нуралиева Шоҳина

        

          Ғолиби ҷои сеюм хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 Мирзоева Омина 

 

         Ғолибонро аз миёни зиёда аз 200 акси пешниҳодгардида устодони фанни санъати тасвирӣ Одиназода Шукрона, Кабиров Аҳмад ва Валиев Зоир муайян намуданд. 

          

         Ғолибон санаи 11.12.2023 дар Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ мегарданд.Ҳамзамон ба як зумра иштирокчиён низ ҷиҳати иштироки фаъолонаашон ифтихорномаҳо эҳдо мегардад.

      

        Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия