ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ "ИНШОИ БЕҲТАРИН" ВА САНҶИШИ ДАФТАРҲО АЗ ҶОНИБИ ДОВАРОН

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

           Озмуни "Иншои беҳтарин" миёни хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳия, дар толори муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии £.1 бо иштироки намояндагони ҳарду соҳа шаффоф ҷамъбаст гардид.

          Қисмати нисфирӯзии ҳамон рӯз дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки чанд тан аз омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, ки аз Шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати тафтиши дафтарҳои иншо муваззаф гардиданд ба кори худ шурӯъ намуда, баъди анҷоми санҷиш ғолибон муайян карда мешаванд.

           Ба ҳайати доварон зиёда аз 60 иншо пешниҳод гардида, санҷиш ду рӯз идома ёфт. Ғолибон санаи 11 уми соли ҷорӣ эълон гардида бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.

 

Шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия