ОҒОЗИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ ДАР МТМУ £.1 ОҒОЗ ГАРДИД.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ҷамоати шаҳраки Москва озмуни "Иншои беҳтарин", ки эълонашро чанд рӯз қабл тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор дода будем бо иштироки хонандагони макотиби шаҳраку деҳоти ноҳия дар толори мактаби болозикр оғоз гардид.  Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба ҳафтаи ҲХДТ ва 29 умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаас. 

        Дар аксҳо масъулини Кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ, Лоиқ Мирзоалиев Давлатов Фазлиддин ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Ҳамадонӣ" Ҷовидон Қувватзода бо ҳамроҳии сарвари тозатарини муассиса Шералиев Саидаҳмад ва он омӯзгорони, ки хонандагону шогирдони хешро ба озмун овардаанд.

 

       Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот