АКСИЯИ ТАҚДИМИ РӮЗНОМАҲОИ ҲИЗБӢ, БАХШИДА БА ҲАФТАИ ҲХДТ ИДОМА ДОРАД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷамоати шаҳраи Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  аксия ҳизбӣ ҷиҳати тақдими Рӯзномаҳои ҳизбӣ - (Ҳамрози халқ ва Минбари халқ) баргузор гардид.  Дар аксия мудири  шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатов Фазлиддин ва мудири бахши оморӣ ҲХДТ дар ноҳия Комилова Гулбутта  иштирок намуда, ба сокинон рӯзномаҳои болозикрро тақдим намуданд.