ТАҚСИМОТИ ВАРАҚАҲОИ ИТТИЛООТӢ БАХШИДА БА ҲАФТАИ "ҲХДТ" ИДОМА ДОРАД.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ, билхосса дар даромадгоҳҳои идора ва дохили корхонаҳои давлативу хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ варақаҳои иттилотие, ки тақрибан дар як ҳафта се бор аз ҷониби волонтёрон ва масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар қаламрави ноҳия аксия мегузаронанд, ба чашми ҳар як одами медаромадагӣ ва мебаромадагӣ мезанад. Худам ҳамчун масъули соҳа чандин маротиба шоҳиди он шудам, ки ҳар нафаре, ки вориди корхонаҳо мешаванд аввал варақаи насбшуда пушти дарро мехонанд сурат мегиранд пасон медароянд. Ё ҳамин амал зимни баромадан сурат мегирад. Барои мисол мо чанд аксро инҷо нишон медиҳем. Ҳадафи мо бошад аз ин амал танҳо ва танҳо бештар огоҳӣ пайдо кардани ҷомеа аз инсонҳое, ки аҳдоф ва амали нопокона нисбати ҷавонони ноогоҳ ва камогоҳи ин миллат доранд

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ