СУҲБАТУ ВОХУРИҲО БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар доираи ҳафтаи ҲХДТ дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 - ноҳия, ки сарварии онро муаллимаи гиром Туманова Саодат бар душ доранд, санаи 02.12.2023. таҳти як ҷамъомад бо иштироки волидайни хонандагон дар мавзуҳои доғи рӯзи ҷомеа: гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнӯъ ва нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид, ки дар он Бозоралӣ Абдуҷаббор - муовини директор оид ба тарбия Довуди Исмоил муовини директор оид ба таълим иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми маҳфил намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати шароити мусоид барои сӯҳбат бо волидайни хонандагон аз роҳбарияти муассиса изҳори сипос намуда, баргузории чунин маҳфилу вохуриҳоро аз ҳар ҷиҳат муфид ва саривақтӣ хонда мувофиқа шудки ҳафтае як маротиба чунин мулоқотҳои барои ҳарду ҷониб судманд баргузор мегардад.

     

      Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот