БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ НОҲИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ ВА РӮЗИ ТАЪСИЁБИИ ҲХДТ БО ТАШАББУСИ КИ ҲХДТ ҲАМАДОНӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар доираи ҳафтаи "ҲХДТ" бахшида ба 29 - умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 10 - уми декабр таҷлил карда мешавад, иқдом гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи номинатсияи "Иншои беҳтарин", "Расми беҳтарин" ва ҳамзамон як мусобиқаи варзиширо аз рӯи намуди "Баскетбол" миёни бонувон ва ҷавондухтарон бо мақсади 

- таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон;

- дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва хештаншиносию ҳамбастагӣ, 

- баланд бардоштани инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави илм, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии ҷавонон;

- тавассути баргузории озмун муайян кардани сатҳи, ҳолат ва мавҷудияти омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он;

- Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон, равона кардани кӯшиши ҷавонону наврасон дар мубориза бар зидди маводи мухаддир;

- ҷалб намудани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба чорабиниҳои оммавӣ - фарҳангӣ ва дарёфти ҷавонони боистеъдод; ба роҳ мондааст. 

       Ғолибонро тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Шуъбаи маориф интизор аст. 

         Чорабинӣ санаи 11 декабри соли ҷорӣ бо иштироки доираи васеи аъзои ҲХДТ ҷавонони касбу кори гуногун ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия бо ташкили барномаи фарҳангӣ - фароғати дар Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия ҷамъбаст мегардад.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ