ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА ҲАФТАИ ҲХДТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, тибқи нақшаи фаъолият бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб бо қарори ташкилоти ибтидоии “ВОСЕЪ”-и Ҷамоати Шаҳрак, дар МТМУ №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарори ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда, шаҳодатномаҳои ҳизбиро ба муассисаи болозикр бурданд. Дар рафти тақдими шаҳодатномаҳо мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ, корманди ҳизб Лоик Мирзоалиев ва Сарвари муассиса бонуи бисёр фарзонаву фарҳехта Ашурова Ҷамила иштирок доштанд..Тибқи руйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизб қабулшуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар идораи Директори муассиса бо тантана тақдим гардид. Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарози мебошад.Шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ