ГУЗОРИШИ ПУРРА АЗ РОҲПАЙМОИИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз ҳазорон нафар кормандони корхонаю ташкилотҳо ва муҳассилини муассисаҳои таълимии миёнаю олии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар хиёбони марказии ноҳия бо парчам ва шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан роҳпаймоӣ баргузор намуданд.  Роҳпаймоӣ аз оғози кӯчаи марказии назди мағозаи 29 оғоз шуда, то майдони "Модари гирён" идома ёфт ва дар ин ҷо ҳамоиши идонаи роҳпаймоӣ бахшида ба ин санаи муборак ҷамъбаст гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки Парчами давлатии мо самараи неки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имсол баробар бо таҷлили солгарди таърихии баргузории ин иҷлосияи сарнавиштсоз мо 30-солагии қабули Парчами давлатиро низ ҷашн мегирем. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон, нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад». Моҳи августи соли 2011 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи 165 метр афрошта шуд ва он имрӯз ҳамчун нишон аз ватандӯстиву хештаншиносии ҳамватанони мо парафшонӣ менамояд.Ба иштирокчиёни ҳамоиши идона барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони филармонияи мардумии ноҳия ба номи Одина Ҳошим пешкаш гардид.Шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ