ТАШАББУСИ ФАРДӢ, ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА ҲАФТАИ "ҲХДТ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Тавре, ки худи муаллиф менависад: Тақдими 20 адад китоби (илмӣ, бадеӣ ва дарсӣ) ба китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ба номи Абдуқодир Ализодаи деҳаи Пушкини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

Иқдоми мазкур бояд дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардид.

Аммо бо баъзе сабабҳо натавонистам ташаббуси хешро анҷом диҳам ва онро дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ сомон додам.

Бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ба номи Абдуқодир Ализода, ки бо номи мактаби Москва маъруф аст ба солҳои 50-уми қарни гузашта рост омада, то кунун ҳазорҳо мутахассисро омодаву ба ҷамъият тақдим кардааст.

***

Сипос, аз директори муҳтарами Муассиса Бобоҷон Маҳмудов ва коллективи омӯзгорони азизи даргоҳ...

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ