ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ МУСОБИҚАИ ДУРӮЗАИ "ШАШКА" ДАР НОҲИЯ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Мусобиқаи варзишии минтақави ҷиҳати дарёфти "Ҷоми муҳтарам "Пешвои миллат" ва ҳамзамон бахшида ба 29- умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.  Имрӯз, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди "Шашка" бахшида ба 29 -умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва дарёфти Ҷоми "Пешвои миллат" ташкил ва баргузор гардид. Тавре,ки мақсади баргӯзори мусобиқа дар Низомнома қайд шудааст ва тибқи ҳамин Низомнома, ки пунктҳои зеринро дар бар мегирад:

- тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғулияти мунтазами тарбияи ҷисмони ва варзиш;

-тарғибу ташвиқи шашка байни наврасону ҷавонон ва калонсолон дар минтақа;

- мустаҳкам намудани алоқаи дӯсти байни тамоми қишрҳои аҳолӣ;

- дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз рӯи намуди шашка.

    Дастаҳо ба муассисаи болозикр ҳозир шуданд.Бояд қайд кард, ки мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама дар бедор намудани ҳисси ватандустии насли нав нақши бориз гузошта ҷиҳати тақвият бахшидани зеҳни онҳо ва оммави гардонии варзиш мусоидат мекунад.Мусобиқа 2 рӯз идома ёфта аз натиҷааш баъди анҷоми он гӯзориши муфасал пешниҳод карда мешавад.

      Масъулони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баҳри инъикоси мусобиқаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимои иштироки фаъол намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия