ИШТИРОКИ ХОНАНДАИ МТМУ £.2 ДАР ОЗМУНИ БОНУФУЗИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ "

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки дар партави иқдомҳои созанда ва босамари муҳтарам Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ҳаводорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз шаҳру навоҳии мамлакат зиёд мешавад. Ҳамин аст , ки шавқу завқи хонандагон бад ин васила афзун шуда, дар он озмунҳо иштирок намуда, ба хонаводаашон шарафу фараҳ ва  обрӯ мебахшанд. Яке аз он иштирокчиён хонандаи синфи 6 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 2 -и ноҳия  Мадуллоева Комила мебошад, ки дар озмуни овозадор ва ифтихории "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз рӯи номинаи наврасон ва кӯдакон иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардида, барандаи 20 ҳазор сомонӣ шуд. Коллективи омӯзгорон ин ғолибиятро бо хушнудӣ истиқбол гирифта, дар оянда ҷиҳати зиёд кардани сафи иштирокчиён дар озмунҳои болозикр аз мактаби мазкур беш аз пеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қайд кард дар аснои сӯҳбат сарвари муассиса Ашурова Ҷамила 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ