ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ £.1-И НОҲИЯ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун 16 уми ноябр ҳамчун "Рӯзи Президент" муайян карда шудааст. Дар робита ба ин санаи таърихӣ, тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон ва тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ имрӯз дар Гимназияи давлатии рақами 1 ҳамоиши илмӣ - адабӣ ва назариявӣ таҳти унвони "Пешвои миллат - шахсияти Ваҳдатсоз ва сулҳовар" баргузор гардид. Дар маҳфил сараввал аз рӯи асарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва он китобҳое, ки корномаи эшонро дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ бозгӯ мекунанд ба намоиш гузошта шуда хонандагони муассиса барномаи фарҳангӣ ва илмии хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар рафти ҳамоиш намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Бахтзода Ҷомӣ маърӯза намуда, аз ҷумла қайд намуд:

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. 

Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. Бо ҳамин Рӯзи Президент дар макони болозикр ботантана оғоз ва таҷлил гардид.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ