ИМРӮЗ, 12 НАФАРРО БА САФИ ҲИЗБИ БУНЁДКОР, СОЗАНДА ВА НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ДАЪВАТ НАМУДАМ. ДАЪВАТ БО ХУШНУДӢ ПАЗИРУФТА ШУД. БАД ИН ВАСИЛА САФИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баъд аз баргузории хонишӣ сиёсӣ бо зиёда аз 50 нафар омӯзгорони фаъоли Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии £. 2-и ноҳия дар идораи муаллимон, масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Бахтзода Ҷомӣ, тибқи нақшаи корӣ бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби фаъолони ҷомеа, пайваста даъват менамояд. Субҳи имрӯз аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон 12 омӯзгори фанҳои гуногун ба бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати пайвастан ба сафи ҳизб бо ариза муроҷиат намуданд. Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда, қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баландро талаб намуда, аъзогӣ ба он боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад. Дар фарҷом қайд гардид, ки шаҳодатномаҳои ҳизбии эшон дар муддати кӯтоҳ омода шуда ба онҳо дар шароити тантанавӣ супурда мешавад. 

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ