ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАЙНИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ дирӯз дар ташкилоти ибтидоии "Мактаби варзишӣ" бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз оғози мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз хониши сиёсӣ байни иштирокдорони мусобиқа яъне кӯдакон ва наврасон дар мавзуи "Дастовардҳои нодири варзишгарон дар чанд моҳи охир" баргузор гардид. Дар маърӯза қайд гардид, ки имрӯз мо бояд сари зар қадам ифтихор дошта бошем, ки сафи варзишгарони мо рӯз аз рӯз рӯ ба зиёдшавӣ дошта дар мусобиқоти дохил ва хориҷи кишвар сарбаландона иштирок намуда, парчами моро баланд мебардоранд. Шумо ҷавонон ва наврасон дар оянда роҳи онҳоро идома хоҳед дод. Ман ҳамчун мураббӣ ба ин итминони комил дорам.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ