ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз санаи 25 октябри соли ҷорӣ таҳти №34 бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ  мусобиқаҳои варзишӣ аз руи намудаи волейбол байни бонувон ва ҷавондухтарон дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Вобаста ба ин Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ имрӯз дар муассисаи давлатии мактаби варзишӣ мусобиқаи кушодро аз рӯи намуди Волейбол таҳти унвони "Варзиш гарави саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои миллату давлат" байни бонувон ва ҷавондухтарон баргузор намуд. Тибқи барқияи ирсолгардида то санаи 15 - уми соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ мусобиқаи мазкур баргузор гардида ва аз натиҷаи он ба  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ахбороти хаттӣ пешниҳод карда мешавад.