АЗ ҒАЙРАТИ ХАЛҚИ МО БУНЁД. ШАВАД РОҒУН САФАРИ ҲИЗБИЁН ВА ФАЪОЛОН БА НБО "РОҒУН"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо эҳтимоми бевоситаи роҳбарияти Вилояти Хатлон хосса раиси мӯҳтарами он Давлаталӣ Саид дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон таи ду рӯз бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ аз иншооти азими аср НБО "РОҒУН" ҳайати 140 нафараи ҳизбиён ва фаъолони вилояти Хатлон,  ҷиҳати боз ҳам афзун шудани ҳисси худшиносии миллӣ, пиёда кардани сиёсати созанда, дурбинона ва дарҳои бози давлат ва ҳукумати мамлакат ба вежа роҳбарияти олии он муҳтарам Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.Ҳайати мазкур бо роҳбарии муҳтарам Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят муҳтарам Ҷамшед Саидзода ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон, олимон, аҳли адабу ҳунар ва намояндагони ВАО ҳамраҳӣ намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ