АКСИЯИ ВАРАҚАҲОИ ИТТИЛООТӢ ИДОМА ДОРАД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ   дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ИДБЗ ва Обёрӣ" бо мақсади пешгирӣ аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи сомонаҳои фаъолияташон дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ варақаҳои иттилоотро  тақсим намуданд. Моҳият ва мазмуни варақаҳои иттилоотӣ ба кормандони ташкилоти ибтидоӣ расонида шуда, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ба эшон фаҳмонида шуд.