ТОЗАГӢ ЯКЕ АЗ ШОХАҲОИ ИМОН АСТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гушаю канори Тоҷикистон рисолат ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар аст. Бо ин мақсад  ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  масъулини КВД хоҷагии манзилю коммуналӣ масъулияти хешро сари вақт иҷро намуда, баҳри бартараф намудани партовҳо расидагӣ менамоянд. Гузашта аз ин масъулини соҳа гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои ноҳияро аз ҳама гуна хасу хошок, баргҳои дарахтон ва партовҳо тоза намуданд.Тавре, ки масъулини соҳа иброз доштанд: "Ҳадафи мо баланд бардоштани маърифати ноҳиядорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад. Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ баҳри таблиғ ва ташвиқи ташаббусҳои созанда ҳамеша омода мебошад.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ
--