САБАҚИ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДАР МУҲИТИ МАЪНАВИИ ШОИРИ ХАЛҚӢ УСТОД АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ, имрӯз, ҳудуди 2 соат дар суҳбати Шоири халқии Тоҷикистон марди шариф ва нафаре, ки ба маънои томаш шоир аст, устод Алимуҳаммад Муродӣ бо ҳамроҳи чанд тан аз хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии £.54 - и ноҳия будем. Як маҳфили хубу хотирмон дар ҳавлии устод сурат гирифт, ки бисёр роҳат кардем. Дар суҳбати Устод лаззату кайфияти маънавӣ поён надорад. Воқеан мо насли хушбахтам, ки дар замони чунин дурдонаҳо ба сар мебарем. Ҳадаф аз баргузории чунин як маҳфили хурд огоҳ, ҳушёр, босавод, ва зирак будани насли ҷавон мебошад. Устод ҳудуди ду соат дар мавзӯҳои забон, миллат, таърих ва тамаддуни гузаштаи тоҷикон, хатари гурӯҳҳои бегона ба суи ин миллат сайри таърихӣ ва намуда, ба хонандагон муроҷиат намуданд, ки фақат хонанд. Дар фарҷом хонандагон аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Маврид ба зикр аст, ки он лаззату кайфияте, ки мо аз суҳбати Устод муродӣ бурдем, агар инҷо дарҷ намоем як китоби 1000 саҳифагиро мемонад. Аммо баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ ҳузури аубораки устод бо ҳамин хатм нашуда, минбаъд низ идома меёбад. Устод воқеан як дарёи илм ҳастанд. Дар фарҷом Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ бо як ифтихор қайд намуд: хушбахтам, ки парвардаи муҳити маънавии устод мебошам.

Бахтзода Ҷомӣ