РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ ҲАКИМ ФИРДАВСИИ ТӮСИРО БО ШОҲНОМАИ БЕЗАВОЛ ВА МОНДАГОРИ У ГИРОМӢ МЕДОРЕМ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бахшида ба рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии £.17 - ва 54 и ноҳия аз рӯи асари шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ - Шоҳнома дар байни синфҳои 10 ва 11 Шоҳномахонӣ баргузор гардид. Дар маҳфили адабӣ, ки таҳти унвони "Шоҳнома Ватан аст" баргузор гардид, хонандагон порчаҳои назмӣ ва насрӣ қироат намуда, маълум гардид, ки Шоҳномаро медонанд, мешиносанд ва пайвамта мутоила менамоянд. Як зумра хонандагони дигар чаҳорпораҳое, ки дар васфи Шоҳнома бузургони муосири мо фармудаанд, ёдоварӣ намуданд. Дар маҷмӯъ донистан, хондан, таблиғу ташвиқ намудани Шоҳнома барои насли минбаъда ҳатмӣ мебошад, қайд гардид дар фарҷоми маҳфил. Гузашта аз ин шеърҳое, ки хонандагон ироа фармуданд, аз саҳифаҳои иҷтимоӣ таблиғу ташвиқ гардида, минбаъд дар фейсбук чархиш мекунанд.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ