ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ҳамин мавзӯи доғи рӯзи ҷомеа имрӯз, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии £.20-и ҷ. Қаҳрамон масъулини Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Ҳамадонӣ бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи болозикр мулоқот анҷом доданд. Қайд гардид, ки дар замони муосир техника ва технология рушди бемайлон дорад ҳеҷ имкон надорад, ки мо аз ин сомонаҳо фарсахҳо дурӣ ҷуста аз онҳо истифода накунем. Ҳадафи давлату ҳукумат  аз баргузор намудани ингуна маҳфилҳо танҳо ва танҳо корҳои фаҳмонддиҳӣ миёни ҷомеа ҷиҳати огоҳӣ пайдо намудан аз хатарҳои интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Имрӯз дар дохили интернет гурӯҳҳои манфиатҷӯ сайр доранд, ки мехоҳанд ҷавонони ноогоҳ ва камсаводро ба доми фиреби худ афтонанд. Вазифа ва рисолати мо ҷавонон пеш аз ҳама дар он аст, ки пайваста хонем ва ба равияи улуми дақиқ бештар рӯ биёрем. Ба фиреби ҳар гурӯҳу гурӯҳчае, ки ҳадафи нопок дорад дода нашавем. Дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ баргузор намудани чунин мулоқоту маҳфилҳо идома дошта, мазӯи мазкур зери назари ҷиддии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дорад. Қайд намуд зимни маърӯзаи хеш мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ