ЗАБОН ОМӮЗ ТО МИЛЛАТ НАМИРАД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо эҳтимоми Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Ҳамадонӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии £.20- ҷ. Қаҳрамон маҳфили адабӣ- фарҳангӣ, сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар н. Ҳамадонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал сухани ифтитоҳиро мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ оғоз намуда, аҳли омӯзгорони муасиссаро ба рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи шарифи омӯзгор таҳният намуд. Мавсуф дар идома қайд намуд, ки омӯзгор дар зиндагии ҳар кадоми мо роҳнамои рӯзгор ба ҳисоб рафта, эҳтиромаш баробари волидайн раво мебошад. Дар фарҷом дар шароити тантанавӣ аз номи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ ба ду нафар омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гаштаанд бо ифтихорномаҳои Ҳизб сарфароз гардонида шудаанд.

Аксҳо аз толори муаллимон

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ