СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмуи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити зиндагӣ мусоидат менамояд. Сокинони деҳаи Файзобод баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободонию созандагӣ дар маҳалли худ машғуланд. Бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати Даштигуло" Қурбонов Ҷумахон ва бо дастгирии шахсони саховатпеша, кучаҳои деҳаи Файзобод сангфарш гардиданд.