АКСИЯИ ВАРАҚАҲОИ ИТТИЛООТӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ   бо мақсади пешгирӣ аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи сомонаҳои фаъолияташон дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ,  тақсими варақаҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуд. Варақаҳои иттилоотӣ  ташкилоти ибтидоии "Шуъбаи маориф"-и  ноҳия тақсим карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки истифодаи сомонаҳои интернетие,ки зидди давлату ҳукумат ва тинҷию оромӣ, истиқлолияти давлатӣ фаъолият менамоянд қатъиян манъ буда, тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҷавобгарии ҷиноятиро пешбини намудааст.