РАФТИ ТАЪМИР ДАР МАКТАБИ ВАРЗИШӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус, имрӯз аст, зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти таъмири  муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дидан намуданд. Мақсад аз таъмир барои варзишгарон боз ҳам шароити хуб муҳаё намудан мебошад.