БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ТАЪМИР

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳуддинзода, мудири шуъбаи маориф Санифа Тағаймуродзода ва муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шарипов Раҳимҷон аз ҳолати таъмир дар муассисаҳои таълимии№1 ва №2-и ноҳия дидан намуданд. Зимни боздид муовини раиси ноҳия ба рафти корҳои таъмир шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои хуб доданд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 80 фисади корҳо дар муассисаҳои мазкур анҷом ёфта, то оғози таҳсили солҳои 2023-2024 ба пуррагӣ иҷро мешавад.