ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Комилова Гулбутта ва Рамзияи Ҳисайндухт ҷиҳати аз наздик шинос шудани рафти таъмир дар муассисаҳои таълими аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Москва  дидан намуданд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон зери унвони “Мактаби ман!” бо ҷалби собиқ хатмкунандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  таъмиру тармими муассисабомаром идома дорад.