КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо мақсади аз наздик шинос шудани рафти таъмири  Кӯдакистони  №2-и воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Москваи  ноҳия дидан намуданд. Кӯдакистон таъмири замонавӣ карда шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ барои таълиму тарбия муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд.