НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташ маҳдуд, имрӯзҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳармоҳ ба се нафар маъюбони гурӯҳи 1-ми ноҳия нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда мешавад.Дар ин росто Раҳимҷон Шарипов - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба Акбаров Суҳров, маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Меҳвари Ҷамоати деҳоти Чубек нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои моҳи июн супорида шуд.